and Education
Kids and Youth
Educators
Toolkit
Beyond the Classroom
Beyond the Borders
Хуш омадед ба «Қуттичаи иқлимӣ»!
Тағйирёбии иқлим аз ин пас як таҳдиди дур нест – он қисми инкорнопазири воқеияти мост ва таъсироти он дар саросари ҷаҳон аҳамияти бештар ва пурқувваттар пайдо мекунад. Бо мурури бадтар шудани ин таъсирот, насли ҷавон дар ҳалли бӯҳрон, ҳам имрӯз ва ҳамчун қабулкунандагони қарорҳои оянда бояд нақши фаъол дошта бошад. Барои тақвияти нерӯи ҷавонон, таҳсилот нақши калидӣ мебозад.
Маҳз дар ҳамин марҳила «қуттичаи иқлимӣ» вориди амал мешавад. Ин барномаи интерактивии омӯзиши босуръат буда, аз ҷониби БРСММ таҳия шудааст. Он ҷиҳати омӯзиши мушкилоти тағйирёбии иқлим ва дарк намудани роҳи ҳалли онҳо ба хонандагони мактаб кумак мекунад.
Маҷмӯаи абзори «қуттичаи иқлимӣ» ҳамчунин «Викторинаи марбут ба мавзуъи иқлим»-ро дар бар мегирад, ки аз 100 корти тарҳрезишуда бо саволҳои дорои интихоби гуногун барои санҷиш ва васеъ кардани дониш дар мавзуъҳои гуногуни тағирёбии иқлим иборат аст. Саволҳо аз рӯи мавзуъ тартиб дода шудаанд, ки ба се бахши асосии дастури таълимии «қуттичаи иқлимӣ» мувофиқат мекунанд.
Маҷмӯаи абзорҳо инчунин плакатҳоро бо таъсироти иқлимӣ ва тавсияҳо дар бораи чӣ гуна коҳиш додани изи (пай)-и карбонии худ ва андешидани чораҳо ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлимро дар бар мегирад.
Маҷмӯаи маводҳои интерактивӣ ва дастурҳои муфассали моро биомӯзед, зеро онҳо барои тавонмандсозии хонандагон ва омӯзгорон ҷиҳати андешидани чораҳо алайҳи бӯҳрони афзояндаи иқлим таҳия шудаанд.
Маҷмӯаи абзорҳои «қуттичаи иқлимӣ»
Бо истифода аз дастури таълимии «қуттичаи иқлимӣ», ки сабабҳо, таъсирот ва роҳҳои ҳалли онро дар бар мегирад, мавзуъҳои асосии тағйирёбии иқлимро биомӯзед. Маҷмӯаи абзорҳо инчунин харитаи ҷаҳонро дар бораи таъсири иқлим, плакатҳои мутобиқшавӣ ва коҳиши он ва барои санҷиши дониши шумо викторинаи интерактивиро дар бар мегирад.
Омӯзишдиҳандагон
Бо нақшаҳои дарсӣ, ғояҳои лоиҳа ва фаъолиятҳои беруназсинфӣ барои ворид кардани таълими мавзуъи тағйирёбии иқлим ба барномаи таълимии худ дастурҳои муфассалро дастрас кунед. Барои баланд бардоштани иқтидор дар таълими мавзуъи иқлим, ин бахш Дастури омӯзиши омӯзгорон ва маводҳои иловагиро дар бар мегирад.
Барои хонандагони мактаб ва ҷавонон
Викторинаҳои марбут ба мавзуъи иқлим: Фикр мекунед, ки шумо дар бораи тағйирёбии иқлим бисёр медонед? Дониши худро тавассути викторинаҳои интерактивии мо вобаста ба тағйирёбии иқлим бисанҷед! Дигар маводҳои босуръат ва ҷалбкунандаро биомӯзед, ки мавзуъҳои гуногуни калидӣ, аз сабабҳо ва таъсири тағйирёбии иқлим сар карда то роҳҳои ҳалли амалиро фаро мегиранд.
Фаъолиятҳо ва чорабиниҳо
Дар бораи семинарҳо, машғулиятҳои омӯзишӣ, озмунҳо ва дигар фаъолиятҳои ҷолиб огоҳ бошед, ки барои рушди таълими иқлимӣ тарҳрезӣ шудаанд. Иттилооти навро пайгирӣ кунед ва дар бораи имкониятҳои дарпешистода маълумот бигиред. Аксҳо ва наворҳои видеоии охиринро тамошо кунед, ки нуқтаҳои муҳими чорабиниҳои моро нишон медиҳанд.
Дониши худро бисанҷед
Оё шумо фикр мекунед, ки дар бораи тағирёбии иқлим маълумоти зиёд доред? Дониши худро тавассути викторинаи интерактивии мо дар бораи тағирёбии иқлим бисанҷед! Ин викторинаи босуръат (динамикӣ) ва ҷолиб мавзуъҳои гуногуни калидиро, аз сабабҳо ва таъсири тағирёбии иқлим сар карда то роҳҳои ҳалли амалӣ, фаро мегирад.