Дар бораи «қуттичаи иқлимӣ»
«Қуттичаи иқлимӣ» ЧИСТ?
«Қуттичаи иқлимӣ» як маҷмӯаи абзорҳои таълимии интерактивӣ мебошад, ки барои таълими ҷавонон дар бораи тағирёбии иқлим таҳия шудааст. Он аз ҷониби коршиносони соҳаи илмҳои иқлимшиносӣ, маориф ва адабиёти бачагона тарҳрезӣ шуда, таълими тағирёбии иқлимро ҷолиб, интерактивӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим мегардонад ва ба корбарон имкон медиҳад, ки амал кунанд ва ба тағйирот илҳом бахшанд.
Он чизе, ки дар як кишвар оғоз шудааст, ҳоло ба як ташаббуси ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Айни замон «қуттичаи иқлимӣ» бо 17 забон дастрас буда, нусхаҳои он ба шароити маҳаллӣ дар саросари кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва берун аз он мутобиқ карда шудаанд. Таҳияҳои нав (солҳои 2023-2026) иттилооти боз ҳам муосиртарро дар бар мегиранд ва ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ паҳн мешаванд.
То соли 2025
Маҷмӯаи абзорҳои «қуттичаи иқлимӣ» ба
17 забон,
аз ҷумла ҳамаи забонҳои расмии СММ, тарҷума шудааст.
12 кишвар
ба лоиҳаи мазкур ҳамроҳ шуда, нусхаҳои маҳаллии маҷмӯаи абзорҳои «қуттичаи иқлимӣ»-ро барои қонеъ кардани ниёзҳо ва шароити минтақавӣ таҳия кардаанд.
Барои омӯзиши тағйирёбии иқлим, беш аз
5,000 мактаб
аз маҷмӯаи абзорҳои «қуттичаи иқлимӣ» дар ҷалби хонандагони мактаб ва ҷавонон истифода мебаранд.
Беш аз
7,000 омӯзгор
бо маҷмӯаи абзорҳои «қуттичаи иқлимӣ» барои таълим додани мавзуъи тағйирёбии иқлим ва илҳом бахшидан ба амал ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Беш аз
50,000 хонандаи
мактаб тавассути маҷмӯаи абзорҳои «қуттичаи иқлимӣ» дар бораи тағйирёбии иқлим маълумот гирифтаанд.
«Қуттичаи иқлимӣ» барои кӣ пешбинӣ шудааст
Хонандагони мактаб ва ҷавонон:
Барои омӯхтани маълумот дар бораи тағйирёбии иқлим ва тарзи зиндагии устувортар дар фаъолиятҳои шавқовар, викторинаҳо ва муҳокимаҳо ширкат кунед.
Омӯзгорон ва омӯзишдиҳандагон:
Ба маълумоти охирини марбут ба иқлим ва дастурҳои амалӣ дастрасӣ пайдо кунед, то таълими тағйирёбии иқлимро ба синфхона ва берун аз он ворид кунед.
Падару модарон ва ҷомеаҳо:
Дар фаъолиятҳое ширкат кунед, ки ба оила ва ҷомеаи худ дар фаҳмидан ва амал кардан дар мавриди тағйирёбии иқлим кумак мерасонанд.
Ҳукуматҳо:
Аз маҷмӯаи абзорҳо барои баланд бардоштани огоҳӣ ва илҳом бахшидан ба иқдомҳои иқлимӣ дар сатҳи миллӣ ё маҳаллӣ истифода баред.
Бо кадом хосиятҳояш «қуттичаи иқлимӣ» беназир ҳисоб мешавад?
Фарогир ва интерактивӣ:
Аввалин маҷмӯаи абзорҳои вобаста ба таълими иқлимӣ барои мактабҳо буда, ғанӣ аз мундариҷаи ҷолиб, тасвирҳо ва фаъолиятҳои амалӣ мебошад.
Бо роҳбарии коршиносон:
Аз ҷониби як гурӯҳи бисёрсоҳавии олимони бахши иқлим, омӯзгорон, омӯзишдиҳандагон ва муаллифони адабиёти кӯдакон таҳия шудааст.
Сатҳи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ:
Мисолҳоро аз саросари ҷаҳон ва инчунин мундариҷаи фармоишӣ барои ҳар як минтақа дар бар мегирад.
Роҳат ва мувофиқ барои омӯзгор: Барои ҳамгироии якпорчаи таълими мавзуъи тағйирёбии иқлим ба ҳама гуна барномаи таълимӣ, дастурамалҳо ва омӯзишҳои муфассалро дар бар мегирад.
Дастрасии васеъ:
Ба 17 забон дастрас аст ва пайваста бо дарназардошти маълумоти навтарини илми иқлимшиносӣ мавриди таҷдид қарор дода мешавад.
Ба сафари иқлимии худ шурӯъ кунед
Тавассути «қуттичаи иқлимӣ» ба ҳаракати ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавед ва ба ташаккули насли ояндаи роҳбарони огоҳ дар бораи иқлим мусоидат кунед.
Маълумоти бештар:
- Манбаъҳо ва абзорҳои бештарро дар ин ҷо дар сомонаи “Climate Box” омӯзед!
- Барои гирифтани маълумоти бештар навори видеоии лоиҳаи «Қуттичаи иқлимӣ»-ро тамошо кунед.