Викторинаи марбут ба мавзуъи иқлим

Маҷмӯаи абзорҳои «қуттичаи иқлимӣ» инчунин «Викторинаи марбут ба мавзуъи иқлим»-ро дар бар мегирад, ки аз 100 корт бо саволҳои дорои интихоби гуногун иборат аст, ки барои санҷидан ва васеъ кардани дониш дар мавзуъҳои гуногуни вобаста ба тағйирёбии иқлим тарҳрезӣ шудаанд. Саволҳо аз рӯи мавзуъ тартиб дода шудаанд, ки ба се бахши асосии дастури таълимии «қуттичаи иқлимӣ» мувофиқат мекунанд.

Саволҳо ба асосҳои бахши иқлим, аз ҷумла намудҳо ва минтақаҳо, таърихи тағирёбии иқлим дар тӯли замон ва сабабҳои онҳо тамаркуз мекунанд.

Саволҳо таъсири тағирёбии иқлим ба экосистемаҳо, соҳаи кишоварзӣ, манбаъҳои об ва саломатии инсон, инчунин мутобиқшавӣ ва рушди устуворро фаро мегиранд.

Саволҳо ба самаранокии энергия, нақлиёти сабз, сохтмони устувор ва роҳҳои ҳалли амалӣ тамаркуз мекунанд ва аҳамияти ҳамкории ҷаҳониро таъкид мекунанд.